Тағйирот ба лоиҳаи қонуни конститутсионӣ

Июнь 20, 2014 11:49

Душанбе, 20.06.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон 20 июн дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагон ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» тағйиру иловаҳо ворид намуданд. 
             Масъалаи мазкурро Бибидавлат Афзалшоева- вакили Маҷлиси намояндагон  ва Азизмад Имомов-раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагон оид ба назорати дастур ва ташкили кор тавзеҳ дода гуфтанд, ки лоиҳаи ин қонуни конститусионӣ бо мақсади таъмини мутобиқатии он бо дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ба Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, бартараф намудани мухолифат миёни меъёрҳои  қонунҳои амалкунанда ва дигар шартномаҳое, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, пешниҳод гардидааст. 
               Тибқи тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи қонун 2 моддаи нав- моддаи 1 эзоҳи 1 ворид гардид, ки он «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ»  ном дорад. Дар ин модда муқаррар гардидааст, ки қонунгузории кишвар  оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфтааст. 
    Ба лоиҳаи ин қонуни конститутсионӣ  моддаи 48 эзоҳи 1 илова гардида, ба 5 моддаи дигари  қонуни амалкунанда қисмҳои нав илова шудааст. Ба  қисми 3-и моддаи 24  ҷумлаи нав илова гардидааст, ки  тибқи  он аҳзоби сиёсӣ метавонанд шахсони аъзои ҳизб набударо низ номзад  ба Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ пешниҳод намоянд. Инчунин тибқи лоиҳа ба моддаи 27 қисми  5-ум ҷумлаи дуюм илова мегардад.  Яъне, дар сурати рафъ шудани бақайдгирии номзад комиссияи дахлдори интихоботӣ вазифадор аст, ки дар давоми як шабонарӯз ба номзад  ва ҳизби сиёсӣ нусхаи қарори комиссияи интихоботиро бо  баёни асосҳои рафъкунӣ пешниҳод намояд. Ба моддаи  42 қисми 6  илова гардид, ки мувофиқи он комиссияҳои интихоботии вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ дар бораи  натиҷаи интихобот ба Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҷумҳурӣ  иттилоъ медиҳанд. Ба лоиҳаи қонун моддаи нав-48 эзоҳи 1 -интихобот дар воҳидҳои марзию маъмурии навташкил илова карда шудааст.  Моддаи 49-и қонун дар таҳрири нав нишон дода шуда, дар он  маблағгузории интихобот,  сарчашмаҳо ва тартиби назорати  маблағҳо муайян гардидааст.
   Инчунин тибқи тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи қонуни конститутсионӣ  шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнашон ба 18 расидааст, метавонанд дар интихобот, новобаста аз нажод, миллат, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ иштирок намоянд ва онҳо метавонанд ҳам интихоб шаванд ва ҳам интихоб кунанд.

Июнь 20, 2014 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад