Тақдими аробачаҳои маъюбӣ аз ҷониби соҳибкорон
Кӯлоб, 18.06.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).- Соҳибкорони шахри Кӯлоб ҷиҳати расонидани кумак ба оилаҳои ниёзманд ва ашхоси маъюб дар ҳамкорӣ бо ҳокимияти давлатӣ ба якчанд нафар маъюб, ки имконияти роҳ гаштан надорад, аробачаҳои маъюбӣ тақдим намуданд, ки боиси хушнудии онҳо гардид. Бояд зикр намуд, ки соҳибкорони шаҳру ноҳияи Кӯлоб пайваста ба табақаи ниёзманд кумак мерасонанд. Дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ тӯи хатнаи беш аз 300 нафар атфол ва ҷашни домодию арӯсии 80 ҷуфт гузаронида шуд. Дар Рӯзи ҷаҳонии муҳофизати кӯдакон ба тарбиятгирандагони мактаб-интернати ёрирасони шаҳри Кӯлоб ва маркази будубоши рӯзонаи «Парасту» кумак расонида шуд.








Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд






