Таҳқиқи фразеологияи лаҳҷаи тоҷикони Андарақ

Июнь 11, 2014 13:44

Душанбе, 11.06.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- «Лексика ва фразеологияи лаҳҷаи тоҷикони Андарақ», чунин ном дорад китоби номзади илмҳои филологӣ, дотсент Салоҳиддин Ӯзбеков, ки ба таҳқиқи лаҳҷашиносӣ ихтисос ёфтааст. Ин китоб аз шумораи аввалини таҳқиқотест, ки мухтассоти лаҳҷаи тоҷикони Андарақро фаро мегирад. Тавре сардори маркази иттилоот ва таҳлили Раёсати Донишгоҳ давлатии Хуҷанд Маъмури Юсуфзод иттилоъ дод, дар рисола таркиби луғавии лаҳҷа, вожаҳои классикӣ дар забони мардум, таҳқиқи диалектизҳо, аз ҷумла диалектизмҳои иқтибосии арабиасл, туркию ӯзбекӣ, русӣ — байналмилалӣ, теъдоди вожагони хос, мансубияти диалектизмҳо, ҳиссаҳои нуқт, гурӯҳбандӣ ва сохтори диалектизмҳо, қабатҳои луғавию маъноӣ, хусусияти луғавию маъноии таркиби луғавӣ, гурӯҳбандии фразеологизмҳои лаҳчавӣ аз лиҳози тобишҳои маъноӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Июнь 11, 2014 13:44

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад