Таҳқиқи фразеологияи лаҳҷаи тоҷикони Андарақ
Душанбе, 11.06.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- «Лексика ва фразеологияи лаҳҷаи тоҷикони Андарақ», чунин ном дорад китоби номзади илмҳои филологӣ, дотсент Салоҳиддин Ӯзбеков, ки ба таҳқиқи лаҳҷашиносӣ ихтисос ёфтааст. Ин китоб аз шумораи аввалини таҳқиқотест, ки мухтассоти лаҳҷаи тоҷикони Андарақро фаро мегирад. Тавре сардори маркази иттилоот ва таҳлили Раёсати Донишгоҳ давлатии Хуҷанд Маъмури Юсуфзод иттилоъ дод, дар рисола таркиби луғавии лаҳҷа, вожаҳои классикӣ дар забони мардум, таҳқиқи диалектизҳо, аз ҷумла диалектизмҳои иқтибосии арабиасл, туркию ӯзбекӣ, русӣ — байналмилалӣ, теъдоди вожагони хос, мансубияти диалектизмҳо, ҳиссаҳои нуқт, гурӯҳбандӣ ва сохтори диалектизмҳо, қабатҳои луғавию маъноӣ, хусусияти луғавию маъноии таркиби луғавӣ, гурӯҳбандии фразеологизмҳои лаҳчавӣ аз лиҳози тобишҳои маъноӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






