Таҷлили 60 — солагии зодрӯзи Шариф Саид
Душанбе, 04.06.2014. (АМИТ «Ховар»). — Ҳайати Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои он раиси палата Шариф Саидро ба муносибати 60 — солагии зодрӯзаш муборакбод намуданд.
Дар номаи табрикотӣ гуфта мешавад, ки Палатаи савдо бо роҳбарии Шариф Саид дар арсаи ҷаҳон бо кишварҳои зиёде ҳамкорӣ дорад.
Қобили зикр аст, ки раиси Палатаи савдо бо мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла бо нишони «Шараф», унвони «Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҳамчунин бисёр мукофотҳои байналмилалӣ сарфароз гардидааст. Мавсуф барои саъю кӯшишҳояш ҷиҳати рушди равандҳои ҳамгироӣ дар фазои ИДМ ба ҳайси раиси Шӯрои роҳбарони палатаҳои савдо ва саноати давлатҳои аъзои ИДМ бо медали биринҷии «20 — солагии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» мукофотонида шудааст.
Саҳми Шариф Саид ба рушди ҳамгироӣ дар фазои иқтисодии АвруОсиё назаррас аст, ки соли 2009 аз ҷониби роҳбарияти Конгресси байналмилалии саноатчиёну соҳибкорон бо мукофоти байналмилалии «Ақли расои миллат» ва медали тилло сарфароз шуданаш аз ин шаҳодат медиҳад. Моҳи августи соли 2013 Шариф Саид бо мукофоти олӣ — нишони «Иттиҳод дараҷаи 11» мукофотонида, моҳи октябри ҳамон сол муовини раиси Шӯрои Конгресси байналмилалии саноатчиёну соҳибкорон интихоб гардид.
Ба туфайли фаъолияти судманди Шариф Саид дар вазифаи раиси Шӯрои кори СҲШ созмони мазкур аҳамияти бориз пайдо намуд. Имрӯз мақсад аз саъю кӯшишҳои Созмони Ҳамкории Шанхай иборат аз рушди ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷануби Шарқӣ, вусъат бахшидани сулҳу суботи минтақа ва рушди судманди бахшҳои иқтисодиёт, ҳуқуқ ва молия мебошад.
«Имрӯз бо роҳбарии Шариф Саид бахши намоишгоҳҳои Тоҷикистон умри дубора пайдо мекунад, ки доир намудани беш аз 200 намоишгоҳу ярмаркаҳои байналмилалию дохилӣ аз ин шаҳодат медиҳанд», — гуфта мешавад дар номаи табрикӣ.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






