Тафтиши ҳодисаи заҳролудшавӣ аз истеъмоли шаурма

Июнь 24, 2014 11:03

Душанбе, 24.06.2014. (АМИТ «Ховар», Екатерина  Пасторова). – Ҳафтаи  гузашта  10  нафар  бо аломати заҳролудшавӣ  дар шуъбаи бемориҳои  сирояткунандаи Маркази тандурустии рақами  7  — и  шаҳр ва  беморхонаи  бемориҳои сирояткунандаи  пойтахт бистарӣ  шуданд. Дар  робита бо  ин,  Хадамоти санитарию  эпидемологии  шаҳр ба  тафтиши  умумии  ҳамаи  нуқтаҳои  савдои  шаурмаи   шаҳр оғоз  намуд. 
«Рӯзи  шанбеи  гузашта  кормандони  Хадамоти   санитарию  эпидемиологии  пойтахт  дар  ҷараёни  тафтиши ҳодисаҳои   вайрон кардани  талабҳои  санитарию  эпидемиологӣ  беш  аз  20  нуқтаи  фурӯши  таоми  шаурмаро  бастанд», — гуфт  зимни  сӯҳбат  бо  хабарнигори  АМИТ «Ховар»  муовини директори Хадамоти  санитарию  эпидемиологии  пойтахт  Соҳибназар  Зоиров.
Ба  гуфтаи  С.Зоиров, сабаби   заҳролудшавии  мардум  истифодаи маҳсулоти нимтайёр  аст. 
Мувофиқи  суханони  шахсони  заҳролудшуда,  ҳамаи онҳо  таоми  шаурмаро  дар  вақтҳои гуногун,  вале фақат дар  ноҳияи  Фирдавсии  пойтахт  истеъмол  кардаанд.
Хадамоти  санитарию  эпидемиологии   шаҳр меҳмонону  сокинони  пойтахро  даъват  менамояд, ки дар  мавсими  ҳавои гарм  аз  истеъмоли  самбӯса, шаурма, яхмоси  фрезерӣ ва таомҳои  дигаре, ки  дар  кӯча  бе риояи  меъёрҳои  санитарӣ  тайёр  карда  мешаванд,  худдорӣ  намоянд.
 

Июнь 24, 2014 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад