Таъкиди М.Муинова ҷиҳати масъулияти волидайн
Душанбе, 17.06.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Мавсума Муинова ҳафтаи сипаригардида бо кормандони филиали БДА “Амонатбонк” дар вилояти Суғд мулоқот анҷом дод. Муҳтавои мулоқотро ҷанбаҳои ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ ва татбиқи конунҳои миллӣ, Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”ташкил дод.Муовини раиси кумита таъкид кард, ки ваҳдати миллӣ ва истиқлолият барои таъмини рушди босуботи ҷомеа, таҳкими раванди худшиносии миллӣ ва дар ин замина тарбияи насли наврас дар рўҳияи меҳанпарастӣ заминаи мусоидеро фароҳам меоварад. Зикр шуд, ки тибқи қонун падару модарон дар як радиф бо муассисаҳои таълимӣ дар роҳи тарбияи фарзандон дар рўҳияи инсондўстию ватанпарастӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, ҳамчунин дифоъ аз ҳуқуқ ва манофеи кўдакон масъулият доранд. Дар мулоқот раиси филиали бонк Ҳокимшо Бобоев ширкат варзид.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад






