Таъмири 1400 км роҳ дар Суғд

Июнь 24, 2014 13:43

Душанбе, 24.06.2014. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Шарифзода).-Дар шимоли кишвар корҳои таъмиру мумфаршкунии роҳҳо бо суръат идома доранд. 
Тавре ки аз шуъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иттилоъ доданд, то 20 июн дар қаламрави вилоят 1388,6 км роҳ таъмиру тармим шудааст. 
Аз ин миқдор 27, 4 км роҳ пурра мумфарш шуда, 485,5 километр аз таъмири ҷорӣ бароварда шудааст. Инчунин дар саросари вилоят бештар аз 875 километр роҳ шағалпӯш шудааст. Бояд гуфт, ки соли равон мувофиқ ба нақша дар вилоят бештар аз 2350 километр роҳҳои дохилӣ таъмиру навсозӣ хоҳанд шуд.

Июнь 24, 2014 13:43

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад