Тараннуми ваҳдат дар ашъори Рудоба
Душанбе, 9.06.2014. (АМИТ “Ховар”, Зарангези Латиф).-Бахшида ба 17-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо ташаббуси Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва мусоидати ташкилоти адибони мамлакат маҳфили базми шеъру таронаи муовини раиси Шӯрои марказии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, шоира Рудобаи Мукаррам барпо гардид.
Дар оғози маҳфил шоири мардумии Тоҷикистон Камол Насрулло сухан гуфт. Сипас муовини якуми раиси Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи кишвар, раиси кумитаи иҷроияи Ҳаракат Мирзошоҳрух Асрорӣ
иброз дошт, ки Комиҷроияи Ҳаракат ба ифтихори ҷашни мубораки Ваҳдати миллӣ, ки баргузории он ба таърихи 27 июн рост меояд, силсилаи чорабиниҳоро доир карда истодааст. Ин маҳфили бошукӯҳ низ аз ҷумлаи ҳамон тадбирҳои идона аст.
Рудобаи Мукаррам ба саҳнаи шеър ва шоҳроҳи сиёсат бо шарофати иқдоми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон омадааст. Зимни сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чун гавҳаршиноси нуктасанҷ баъди қироати шеъри диловез ўро ба пойтахти кишвар раҳнамоӣ мекунад.
Нависандаи маъруфи кишвар Меҳмон Бахтӣ, ки дар ташкилоти ҷамъиятии мазкур масъулият дорад, зикр намуд, ки воқеан ҳам бону Рудоба дар як мудати кӯтоҳ дар ҷодаи шеъру адаб сабзид ва китобҳояш ба дасти мухлисон расид. Ин бегуфтугӯ аз ҷасорати худи ӯ, аз омӯзиши пайвастааш сарчашма мегирад.
Бояд гуфт, ки Рудобаи Мукаррам узвияти Иттиҳодияи нависандагону журналистонро мушарраф гашта, барандаи ҷоизаи Кумитаи ҷавонони мамлакат мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






