Тарфбозӣ дар Рӯзи Ваҳдати миллӣ
Душанбе, 16.06.2014. (АМИТ «Ховар», Екатерина Пасторова). — 27 июн дар Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил мешавад. Дар робита бо ин раиси пойтахти кишвар Маҳмадсаид Убайдуллоев қарорро дар бораи роҳандозии бархе чорабиниҳо бахшида ба ин санаи фархунда имзо намуд.
Мувофиқи маълумоти хадамоти раиси шаҳр, дар ин рӯз тӯйи арӯсии 90 арӯсу домоди оилаҳои камбизоат баргузор гардида, хароҷоти онро раёсати шаҳр ба ӯҳда мегирад.
Ғайр аз ин дар ҳамаи боғҳои фарҳангу истироҳати шаҳр сайругашти оммавӣ, консертҳо ва чорабиниҳои дигари фарҳангӣ ташкил мешаванд. Дар боғи фарҳангу истироҳати «Наврӯзгоҳ» — и шаҳри Душанбе бо иштироки ситораҳои эстрадаи кишвар консерти идона баргузор гардида, сайругашт бо тарфбозии идона анҷом меёбад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






