Таърих, назария ва методикаи таълими фанҳои графикӣ

Июнь 18, 2014 13:58

 
Душанбе, 18.06.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- «Масъалаҳои таърих, назария ва методикаи таълими фанҳои графикӣ»-таҳти чунин унвон маҷмӯаи мақолаҳои  омӯзгорон ва муҳаққиқони факултаи рассомӣ- графикии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров  аз тариқи нашриёти «Ношир» дар ҳаҷми 140 саҳифа аз чоп баромад, ки масъалаҳои муҳими таърих, назария ва методикаи таълими фанҳои графикиро шарҳ медиҳад.
Тавре ки сардори  Маркази иттилоот ва таҳлили Раёсати донишгоҳ  Маъмури Юсуфзод иттилоъ дод, дар маҷмӯа мақолаҳо оид ба мавзӯъҳои муҳим, аз қабили меъморӣ ва тасвирҳои рӯидеворӣ, фарҳанги бадеӣ омили муҳими тарбияи зебопарастии ҷавонон, иҷрои ҷузъҳои ҳунарҳои халқӣ бо истифодаи технологияҳои ҷадиди асари нав, ривоҷи ҳунарҳои мардумӣ дар асоси анъанаҳои миллӣ, нақши тарбияи зебопарастӣ дар ташаккули ҳисси ватандӯстӣ ва эҳёи ҳунарҳои миллӣ, ҳунари миллӣ- эҳёгари санъати ниёгон, интихоби дурусти масолеҳ — омили иҷрои кандакории босифати маснуот, санъати кандакорӣ дар ороиши меъмориҳои давлатдории Суғд, асарҳои эҷодии рассомони Тоҷикистон дар тарбияи эстетикӣ ва ташаккули ҳисси ватанпарварии хонандагон, нақши урфу одатҳои миллӣ дар таълими санъати тасвирӣ, эҳёи анъанаҳои ҳунармандӣ ва таъсири он ба рушди иқтисодиёти кишвар, лоиҳаи эҷодӣ ҳамчун воситаи фаъолкунии фаъолияти маърифатии мактаббачагон ба  нашр расидаанд.
 
 
 
 

Июнь 18, 2014 13:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст