Таърих, назария ва методикаи таълими фанҳои графикӣ
Душанбе, 18.06.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- «Масъалаҳои таърих, назария ва методикаи таълими фанҳои графикӣ»-таҳти чунин унвон маҷмӯаи мақолаҳои омӯзгорон ва муҳаққиқони факултаи рассомӣ- графикии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз тариқи нашриёти «Ношир» дар ҳаҷми 140 саҳифа аз чоп баромад, ки масъалаҳои муҳими таърих, назария ва методикаи таълими фанҳои графикиро шарҳ медиҳад.
Тавре ки сардори Маркази иттилоот ва таҳлили Раёсати донишгоҳ Маъмури Юсуфзод иттилоъ дод, дар маҷмӯа мақолаҳо оид ба мавзӯъҳои муҳим, аз қабили меъморӣ ва тасвирҳои рӯидеворӣ, фарҳанги бадеӣ омили муҳими тарбияи зебопарастии ҷавонон, иҷрои ҷузъҳои ҳунарҳои халқӣ бо истифодаи технологияҳои ҷадиди асари нав, ривоҷи ҳунарҳои мардумӣ дар асоси анъанаҳои миллӣ, нақши тарбияи зебопарастӣ дар ташаккули ҳисси ватандӯстӣ ва эҳёи ҳунарҳои миллӣ, ҳунари миллӣ- эҳёгари санъати ниёгон, интихоби дурусти масолеҳ — омили иҷрои кандакории босифати маснуот, санъати кандакорӣ дар ороиши меъмориҳои давлатдории Суғд, асарҳои эҷодии рассомони Тоҷикистон дар тарбияи эстетикӣ ва ташаккули ҳисси ватанпарварии хонандагон, нақши урфу одатҳои миллӣ дар таълими санъати тасвирӣ, эҳёи анъанаҳои ҳунармандӣ ва таъсири он ба рушди иқтисодиёти кишвар, лоиҳаи эҷодӣ ҳамчун воситаи фаъолкунии фаъолияти маърифатии мактаббачагон ба нашр расидаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






