«Таърихи мусиқии тоҷик»-фарогири давраҳои қадимаи мусиқӣ
Душанбе, 14.06.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- «Таърихи мусиқии тоҷик», таҳти чунин унвон китоби олими шинохтаи кишвар Аслиддин Низомӣ рӯи нашр омад.Китоби мазкур бо истифода аз дастхатҳои давраҳои гуногуни таърихӣ таҳия гардидааст. Дар расми муаррифии ин асар, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор шуд, мусиқашиносон ва донишмандони бахши санъат ҷамъ омаданд. «Таърихи мусиқии тоҷик» давраҳои қадимаи мусиқии миллиро то ба аввалҳои садсолаи 20-ум фаро гирифтааст. Зикр гардид, ки барои таҳия намудани асар дастхатҳои орифони гузашта омӯхта шуда, дар асоси он таърихи мухтасаре навишта шудааст. Ба гуфтаи донишмандони соҳа халқи тоҷик аз замони қадим савту мусиқии худро дошт ва номи ромишгарони тоҷик даҳҳо аср аст, ки аз ёдҳо нарафтаву аз насл ба насл вирди забонҳо гардида истодааст. Дар ҷамъомади мазкур донишмандони соҳа бо маърӯзаҳо баромад намуда, то ба кадом андоза муҳим будани чунин асарҳоро мавриди муҳокима қарор доданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






