Тармими роҳҳои фаръӣ дар Шаҳринав
Душанбе, 03.06.2014. (АМИТ «Ховар», Екатерина Пасторова). — Cохтмончиёни ноҳияи Шаҳринав азм доранд, ки 59,1 км роҳи маҳаллӣ, 34 км роҳи ҷумҳуриявӣ ва 11 км роҳи байналмилалиро тармим намоянд.
Дар ин бора дар сӯҳбат бо АМИТ «Ховар» роҳбари КВД «Нигоҳдории роҳҳои автомобилгард»- и Раёсати роҳҳои истифодабарандаи ноҳияи Шаҳринав Исматулло Боронов иттилоъ дод.
Ба иттилои ӯ , ҳоло дар роҳҳои фаръии Шаҳринав корҳои омодагӣ — таъмири чуқуриҳо, ҳамворкунӣ ва дигар корҳо ҷараён доранд.
Дар корҳои мазкур беш аз 20 корманди РРИ ва 8 адад техникаи роҳ ҷалб шудаанд.
«Корҳои барқароркунии роҳҳои фаръӣ ба 2 марҳала ҷудо гардидааст. Маблағгузорӣ қисман аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ ва қисман аз буҷаи Вазорати нақлиёт ҷудо мешавад.Дар нақша аст, ки марҳалаи аввали омодагӣ дар рӯзҳои наздик ба охир мерасад ва мо ба мумфарш намудани роҳҳои омодагашта оғоз менамоем», -зикр намуд И. Боронов.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






