Тарзи истифодаи китобчаи тестӣ ва сиёҳнавис дар имтиҳонҳои ММТ

Июнь 4, 2014 15:37

Душанбе, 4.06.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон ба диққати довталабон мерасонад, ки имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ аз 2 компонент иборатанд: Компоненти А — тести умумӣ, саволномаи тестии дорои 3 субтест аз 4 фан барои ҳамаи довталабон ҳатмист. 
Ба иттилои Ситорабону Назарова, сухангӯи марказ компоненти Б — тести ихтисос, вобаста ба гурӯҳи ихтисосҳо (кластер)-и интихобкардаи довталаб аз се фан иборат аст. Дар китобчаи тесте, ки дар рӯзи имтиҳон барои ҳар як довталаб пешниҳод  мешавад, маводи ёрирасон ҷой дода шудаанд. Аз ҷумла, дар саҳифаҳои охири китобчаи тест вобаста аз фанҳои дақиқи имтиҳонӣ (математика, физика ва химия) ҷадвалу формулаҳо, системаи даврии элементҳои химиявии Д.И. Менделеев ва ҷадвали ҳалшавандагии кислотаҳо, асосҳо ва намакҳо дар об оварда шудааст. Ғайр аз ин, барои фанҳои дақиқи имтиҳонӣ дар охири ҳар як саҳифаи китобчаи тест ҷой барои сиёҳнавис ҷудо шудааст. 
Ҳамчунин ба ибораи Ситорабону Назарова дар ҷараёни имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ истифода бурдани: • маҳлули сафедкунанда (штрих), • воситаҳои алоқа, • воситаҳои электронии ҳисоббарор (калкулятор ва ғайра), • маводи ёрирасон (шпаргалка) ва амсоли ин манъ аст. Ба имтиҳон ҳар як довталаб метавонад танҳо ду дона ручкаи одии шаффофи рангаш сиёҳро дарорад. Дар ҳолати вайрон кардани талабот ё рад кардани иҷрои он аз ҷониби донишчӯ мутасаддиёни баргузории имтиҳон (роҳбари маркази имтиҳонӣ ва маъмурони маркази имтиҳонӣ) ҳуқуқи аз имтиҳон хориҷ кардани донишҷӯро доранд.

Июнь 4, 2014 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад