Тарзи истифодаи китобчаи тестӣ ва сиёҳнавис дар имтиҳонҳои ММТ
Душанбе, 4.06.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон ба диққати довталабон мерасонад, ки имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ аз 2 компонент иборатанд: Компоненти А — тести умумӣ, саволномаи тестии дорои 3 субтест аз 4 фан барои ҳамаи довталабон ҳатмист.
Ба иттилои Ситорабону Назарова, сухангӯи марказ компоненти Б — тести ихтисос, вобаста ба гурӯҳи ихтисосҳо (кластер)-и интихобкардаи довталаб аз се фан иборат аст. Дар китобчаи тесте, ки дар рӯзи имтиҳон барои ҳар як довталаб пешниҳод мешавад, маводи ёрирасон ҷой дода шудаанд. Аз ҷумла, дар саҳифаҳои охири китобчаи тест вобаста аз фанҳои дақиқи имтиҳонӣ (математика, физика ва химия) ҷадвалу формулаҳо, системаи даврии элементҳои химиявии Д.И. Менделеев ва ҷадвали ҳалшавандагии кислотаҳо, асосҳо ва намакҳо дар об оварда шудааст. Ғайр аз ин, барои фанҳои дақиқи имтиҳонӣ дар охири ҳар як саҳифаи китобчаи тест ҷой барои сиёҳнавис ҷудо шудааст.
Ҳамчунин ба ибораи Ситорабону Назарова дар ҷараёни имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ истифода бурдани: • маҳлули сафедкунанда (штрих), • воситаҳои алоқа, • воситаҳои электронии ҳисоббарор (калкулятор ва ғайра), • маводи ёрирасон (шпаргалка) ва амсоли ин манъ аст. Ба имтиҳон ҳар як довталаб метавонад танҳо ду дона ручкаи одии шаффофи рангаш сиёҳро дарорад. Дар ҳолати вайрон кардани талабот ё рад кардани иҷрои он аз ҷониби донишчӯ мутасаддиёни баргузории имтиҳон (роҳбари маркази имтиҳонӣ ва маъмурони маркази имтиҳонӣ) ҳуқуқи аз имтиҳон хориҷ кардани донишҷӯро доранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






