Тасарруфи 100 ҳазор доллар аз мошин
Душанбе, 3.06.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). — Ба шуъбаи ВКД дар шаҳри Истаравшан сокини ҳамин шаҳр Абдуғаффор Мирбақозода, соли таваллудаш 1991, ки ба ҳайси ронандаи таксӣ кор мекунад, муроҷиат намудааст, ки 31-уми май, тахминан соати 13.00-дақиқа, дар кӯчаи Шарифови шаҳри Истаравшан ҳангоми дар дохили мошини тамғаи “Opel — Astra” қарор доштанаш, шахсони номаълум ӯро боздошт намуда, ба рӯяш хокаи қаламфурро пошида, лату кӯб намуда, бо тариқи ошкоро мошинро аз ҷойи ҳодиса 800 метр дуртар ронда, аз дохилаш маблағи пулии 100 000 доллари амрикоиро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Тавре ки маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар медиҳад, зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия бо гумони ҷинояти ғоратгарӣ шаҳрвандон Қаҳҳор Ҷалолов, соли таваллудаш 1985, пеш судшуда ва Шуҳрат Абдуазимов соли таваллудаш 1980, истиқоматкунандагони шаҳри номбурдаро дастгир карданд. Далели шайъӣ қисман гирифта шуда, нисбат ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






