Ташаккули бозори меҳнат дар Тоҷикистон

Июнь 20, 2014 15:18

  Душанбе, 20.06.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Дар оянда  дар ҷумҳурӣ муҳлати аз худ намудани барномаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии  касбӣ дар заминаи таҳсилоти асосии умумӣ то ба се сол ва бидуни гирифтани  таҳсилоти миёнаи пурраи умумӣ то ба ду сол расонида мешавад. Дар робита ба ин имрӯз вакилони  палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ» тағйирот ворид намуданд. 
               Абдусалом Мирзоев -муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ ва Меҳроҷиддин Ҳакимов-узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф ва сиёсати ҷавонон зимни тавзеҳи ин масъала гуфтанд, ки лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади таъмини иҷрои супоришҳои Президенти ҷумҳурӣ оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли  2013 ва вазифаҳо барои соли 2014, ки дар маҷлиси ҷамъбастии кишвар зикр гардида буд, ба Парлумон пешниҳод шудааст.  Лоиҳаи қонун ҷиҳати дастгирии шаҳрвандон ба таҳсилоти ибтидоии касбӣ, соҳибкасб намудани онҳо,  таъмини бозори дохили кишвар ва хориҷӣ бо кадрҳои коргарии ба талаботи  замони муосир ҷавобгӯ таҳия гардидааст.    
               Зарурати тағйироти мазкур ба лоиҳаи қонун- ин ворид шудани муассисаҳои  таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонист. Ҳамзамон дар заминаи ин низоми омӯзиши ягона барои соҳибкасб намудани шаҳрвандони бекор, бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ ва аҳолии калонсоли кишвар ташкил шудааст, ки барои коҳиш додани сатҳи бекорӣ ва паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатии ғайрирасмии қобили меҳнат ва ташаккули бозори меҳнат мусоидат менамояд.

Июнь 20, 2014 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст