Таъсиси марказҳои ҳунаромӯзӣ дар Ҳисор

Июнь 19, 2014 09:35

Душанбе, 19.06.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Дар маркази ноҳияи Ҳисор чор маркази ҳунаромӯзӣ-омӯзиши дӯзандагӣ, компютер, лӯлакашӣ ва кафшергарӣ таъсис дода шуд. Ин марказҳо бо иқдоми дафтари намояндагии Кумитаи имдоди имом Хумайнии Эрон дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Ҳисор, Маркази  таълими калонсолони ин ноҳия ва дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисор ба фаъолият шурӯъ карданд.
Дар ҳар давраи думоҳаи омӯзиш дар марказҳои мазкур  ҳудуди  50 нафарӣ ҷавонон ҳунарҳои дӯзандагӣ, лӯлакашӣ, кафшергарӣ ва  кор бо компютерро аз худ намуда, соҳиби гувоҳнома мегарданд. Омӯзишгоҳҳои муштаракро дафтари намояндагии Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ бо таҷҳизот ва Маркази таълими калонсолони Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо синфхонаҳо ва  хазинаҳои омӯзишӣ таъмин намудаанд.  
Дар маросими ифтитоҳи марказҳои омӯзишӣ Ҳафтандил Азимов-муовини аввали раиси ноҳияи Ҳисор, Бароталӣ Абдураҳмонов-муовини раиси Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ ва Саидмаҳдӣ Ибодӣ- раиси дафтари намояндагии Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ дар Тоҷикистон  ширкат намуда, таъсиси чунин марказҳои омӯзиширо қадами муассир дар роҳи ҳунаромӯзии ҷавонон маънидод карданд. Ҳафтандил Азимов гуфт, ки соли оянда 3000 -солагии Ҳисор ҷашн гирифта мешавад ва таъсиси марказҳои ҳунаромӯзӣ ва коргоҳҳо саҳми арзандаи худро дар ин ҷашн мегузоранд. Ҳалим Раҳимов- масъули бахши маркази таълими калонсолони Ҳисор иброз дошт, ки дар оянда тасмим доранд  дар дигар деҳоти Ҳисор 18 маркази ҳунаромӯзиро таъсис диҳанд.9.03. 
 
 

Июнь 19, 2014 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад