Таъсиси ситоди «Тобистон- 2014»
Душанбе, 17.06.2014. (АМИТ «Ховар», Ҳотами Шариф).- Даври аввали истироҳати тобистонаи фарзандони коргарони Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминийи тоҷик» ва наврасон аз Хонаи кӯдакони шаҳр дар осоишгоҳи Ширкент оғоз гардид.
Барои кӯдакон ва наврасон дар ин ҷо тамоми шароитҳо муҳайё буда, онҳо бо хӯроки гарм, бозиҳои шавқовару варзишӣ таъминанд.
Дар мавсими тобистон дар осоишгоҳи Ширкент қариб ду ҳазор кӯдаку наврас бо истироҳати хотирмон фаро гирифта мешавад.
Тавре ки аз Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон иттилоъ доданд, имсол барои дуруст ташкил намудани истироҳати тобистонаи мактаббачагон ситоди «Тобистон-2014» таъсис ёфтааст, ки ба он кормандони масъули федератсия шомиланд.
Тибқи маълумоти пешакӣ имсол осоишгоҳи кишвар дар чор баст фаъолият карда, дар ҳар басти он 357 ҳазору 242 нафар хонанда ба истироҳат фаро гирифта мешавад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






