Татбиқи лоиҳаи беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлон

Июнь 25, 2014 14:14

  Душанбе, 25.06.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии  рушди кишоварзӣ оид ба лоиҳаи  «Беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлон»-ро 25 июн вакилони палатаи поёнии  Парлумони Тоҷикистон ба тасвиб расонданд. 
            Ҷамолиддин Нуралиев-муовини аввали вазири  молияи ҷумҳурӣ зимни тавзеҳи санади мазкур гуфт, ки  Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии  рушди кишоварзӣ моҳи январи соли 2009 дар Рим- пойтахти Италия ба имзо расидааст. Ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи  зиндагии аҳолӣ аз ҳисоби зиёд намудани  даромаднокии  соҳаи кишоварзӣ, яъне афзун намудани маҳсулоти кишоварзии хоҷагии деҳқонӣ ва корхонаҳои кишоварзист.  Лоиҳаи мазкур дар 250 деҳаи ноҳияҳои Муъминобод, Шӯрообод, Балҷувон, Темурмалик ва Данғара амалӣ   шуда,  18 ҳазору 750 хонаводаро дар бар мегирад. Татбиқи лоиҳа аз ҳисоби Фонди байналмилалии  рушди кишоварзӣ қаблан ба маблағи  12,3  миллион $  ҳамчун грант тасдиқ шуд ва дар таърихи моҳи июли соли  2013 тағйирот   ба лоиҳа ворид шуда, маблағи  грантии он ба 9,4 миллион $ баробар шуда, саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли озодкунӣ аз андозҳо ва боҷҳои гумрукӣ 550 ҳазор $-ро   ташкил медиҳад.  Муҳлати анҷоми лоиҳаи мазкур охири апрели соли 2015 муайян шудааст. Ҷиҳати татбиқи лоиҳаи мазкур муасссисаи давлатии Маркази чорводории  идораи чарогоҳҳо низ таъсис дода шудааст. Дар доираи ин лоиҳа  82 мақомоти худфаъолияти  ҷамъиятӣ, хариди техникаи кишоварзӣ- 71 адад трактори МТЗ-82 ва дигар таҷҳизоти кишоварзӣ, гузаронидаи хати неруи барқ, сохтмон ва барқарсозии қубурҳои оби нӯшокӣ, харидории таҷҳизоти лабораторӣ дар бахши рушди  чорводорӣ,  таъмиру сохтмони пулу роҳҳо амалӣ гардонида мешаванд.
      Ҷамолиддин Нуралиев афзуд, ки татбиқи лоиҳа  бевосита аз ҷониби Маркази  идораи лоиҳа ва гурӯҳҳои   муайншуда, иборат аз ҷамоатҳои маҳаллӣ  амалӣ мешавад. Дар мавриди татбиқи лоиҳаи мазкур 50% занон ба усулҳои идораи кишоварзӣ фаро гирифта мешаванд. 
           Маҳмадамин Ҳисориев -вакили Маҷлиси намояндагон бар он назар аст, ки татбиқи лоиҳаи мазкур ба омода намудани мутахассисон дар бахши чорводорӣ ва кишоварзӣ, самаранок истифода бурдани  ҳар як ваҷаб қитъаи замин,  баланд бардоштани  сатҳи зиндагии мардум,  мусоидат ба рушди  устувори захираҳои замин, ташаккули  инфрасохтори истеҳсолии деҳот, баланд бардоштани самаранокии  кишоварзӣ ва паст гардонидани  сатҳи камбизоатӣ дар кишвар нақши муҳим  мебозад.

Июнь 25, 2014 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд