Татбиқи Стратегиям миллии муҳоҷирати меҳнатӣ
Душанбе,2.06.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Ҳафтаи гузашта таҳти раёсати муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ бо иштироки муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо-сарпарастони соҳаи муҳоҷират, шуъбаю раёсатҳои Агентии шуғли аҳолӣ, ширкатҳои бо ҷалби қувваи кории хориҷӣ фаъолиятбаранда, субъектҳои хоҷагидор, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва воситаҳои ахбори омма ҷаласаи машваратӣ доир гардид, ки дар он вазъи татбиқи «Стратегияи миллии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа барои солҳои 2011-2015» баррасӣ гардид. Тавре ки аз Раёсати ХМ дар вилояти Суғд иттилоъ доданд, оид ба ҷараёни татбиқи «Стратегияи миллии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа барои солҳои 2011-2015» Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Зайнура Шарифова ҳисоботи муфассал дод.Муовини раиси вилоят масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ, сафарбаркунию бо кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷа, ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ, пурсишҳои ҳавлигӣ , корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ ва масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати меҳнатиро бо шахсони масъул баррасӣ намуд. Аз ҷумла, роҳбарияти Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷиҳати ташкили мизи мудаввар вобаста ба фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ва таҳияи нақшаи чорабиниҳои нав дар самти татбиқи стратегия вазифадор карда шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






