Таваҷҷуҳи Тоҷикистону Афғонистон ба ҳамкориҳои транзитӣ
Душанбе, 05.06.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — «Дар мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бисёр дар фазои хуб доир гардид, масоили мухталифи муносиботи дуҷонибаи кишварҳоямонро баррасӣ намудем». Ин нуктаро 5 июн пас аз анҷоми мулоқот бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Зирор Аҳмад Усмонӣ ба хабарнигорон баён дошт.
Вай афзуд, ки дар ин мулоқот Сарвари давлати Тоҷикистон аз интихоботи президентии Афғонистон ҳимояти ҷиддӣ дошт ва ёдовар шуд, ки мардуми Афғонистон ба доир шудани интихобот бо роҳи демократӣ бовар доранд.
«Зимни мулоқот масоили мухталифи соҳаҳои гуногуни ҳамкориҳо матраҳ шуда, таваҷҷуҳи бештар ба соҳаи нақлиёт зоҳир гардид. Бахусус дар самти татбиқи барномаҳои минтақавӣ ва масоили роҳҳои транзитӣ аз масири кишварҳои Тоҷикистону Афғонистон ба кишварҳои Покистону Чин табодули афкор сурат гирифт», — гуфт дар хотима Зирор Аҳмад Усмонӣ.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






