Тоҷикистон аз реҷаи “мониторинги қатъӣ” баромад

Июнь 25, 2014 08:51

Душанбе, 25.06.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Тавре ки каблан иттилоъ дода будем, аз 16 то 20 июни соли 2014 дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия 20-умин ҷаласаи пленарии Гурӯҳи АвруОсиё дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳое, ки бо роҳи ҷиноят ба даст оварда шудаанд ва маблағгузории терроризм баргузор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, дар соли 2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди баҳогузории Бонки ҷаҳонӣ бинобар мутобиқ набудани қонунгузории ҷумҳурӣ ба тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба шустани пул (ФАТФ) ва мавҷуд набудани мақоми махсуси ваколатдор дар ин самт таҳти реҷаи “мониторинги қатъӣ”-и Гурӯҳи АвруОсиё қарор гирифт. Барои баромадан аз ин реҷаи махсус тибқи тартиби кории Гурӯҳи мазкур ҷумҳурӣ соле ду маротиба дар ҳар як ҷаласаи Гурӯҳи АвруОсиё ҳисоботи муфассалро доир ба корҳои иҷрошуда пешниҳод менамуд ва ин ҳисобот аз ҷониби котиботи ин гурӯҳ баррасӣ ва баҳогузорӣ мегардид. Ҳисоботи муфассали сесолаи ҷумҳурӣ дар ҷаласаи навбатӣ аз ҷониби коршиносон — баҳогузорон муҳокима гардид. Тибқи хулоса ҳисоботи ҷумҳурӣ бинобар мутобиқ гардидани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсияҳои ФАТФ ва амалан мавриди истифода қарор гирифтани онҳо қобили қабул шуморида шуда, мусбат арзёбӣ гардид. Дар натиҷаи корҳои анҷомёфта, мутобиқи изҳороти умумии ҷаласаи пленарии 20-уми Гурӯҳи АвруОсиё Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таҳти реҷаи “мониторинги қатъӣ” бароварда шуда, ба реҷаи “мониторинги муқаррарӣ” дохил карда шуд.

Июнь 25, 2014 08:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад