Тоҷикистон-мизбони ITF

Июнь 9, 2014 14:46

Душанбе, 9.06.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Чанде қабл  ҳайати комиссияи махуси назоратии Федератсияи байналмилалии таэквондо таҳти раҳбарии раиси Кумитаи мусобиқоти Федератсияи байналмилалии таэквондо профессор, синёр-грандмастер Ким Унг Чол ва директори иҷроияи генералии Федератсия профессор Ким Сунг Ҳван дар робита  бо ҷараёни омодагӣ барои баргузории Чемпионати чаҳон оид ба таэвондо (ITF), ки қарор аст 6-11 август дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе сурат бигирад, вориди Тоҷикистон шуданд.
  Ҳайати комиссияи бозрасӣ дар ин робита бо инфрасохтори варзишӣ  ва иҷтимоӣ ошноӣ пайдо карда ва бо масъулини ниҳодҳое, ки дар баргузории чорабинӣ масъуланд суҳбатҳо анҷом дод.     
Нимаи аввали имрўз ҳайати комиссия бо раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва ҳамзамон ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпӣ Маликшо Неъматов мулоқот анҷом доданд. Масъулини Федератсияи байналмилалӣ аз шароит ва ҷараёни омодагӣ барои баргузории ин  чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ изҳори ризоият карда, таассуроташонро бобати таваҷҷуҳи ҳукумати кишвар нисбат ба ин риштаи варзиш   хуб маънидод намуданд.
Маликшо Неъматов зимни суҳбат доир ба раванди омодагӣ ба чемпионат гуфт, ки ҷониби Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд ва тибқи талаботҳои байналмилалӣ доир кардани  ин чорабинии бонуфузи варзишӣ ва қабули доираи зиёди варзишгарон, ки дар назар аст аз 50 кишвар дар  ин мусобиқоти қаҳрамонӣ вориди рақобат шаванд, омода аст.
 
 
 
 

Июнь 9, 2014 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад