Тоҷикистон-мизбони ITF
Душанбе, 9.06.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Чанде қабл ҳайати комиссияи махуси назоратии Федератсияи байналмилалии таэквондо таҳти раҳбарии раиси Кумитаи мусобиқоти Федератсияи байналмилалии таэквондо профессор, синёр-грандмастер Ким Унг Чол ва директори иҷроияи генералии Федератсия профессор Ким Сунг Ҳван дар робита бо ҷараёни омодагӣ барои баргузории Чемпионати чаҳон оид ба таэвондо (ITF), ки қарор аст 6-11 август дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе сурат бигирад, вориди Тоҷикистон шуданд.
Ҳайати комиссияи бозрасӣ дар ин робита бо инфрасохтори варзишӣ ва иҷтимоӣ ошноӣ пайдо карда ва бо масъулини ниҳодҳое, ки дар баргузории чорабинӣ масъуланд суҳбатҳо анҷом дод.
Нимаи аввали имрўз ҳайати комиссия бо раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва ҳамзамон ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпӣ Маликшо Неъматов мулоқот анҷом доданд. Масъулини Федератсияи байналмилалӣ аз шароит ва ҷараёни омодагӣ барои баргузории ин чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ изҳори ризоият карда, таассуроташонро бобати таваҷҷуҳи ҳукумати кишвар нисбат ба ин риштаи варзиш хуб маънидод намуданд.
Маликшо Неъматов зимни суҳбат доир ба раванди омодагӣ ба чемпионат гуфт, ки ҷониби Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд ва тибқи талаботҳои байналмилалӣ доир кардани ин чорабинии бонуфузи варзишӣ ва қабули доираи зиёди варзишгарон, ки дар назар аст аз 50 кишвар дар ин мусобиқоти қаҳрамонӣ вориди рақобат шаванд, омода аст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






