Тоҷикон дар Маскав Ваҳдати миллиро ҷашн мегиранд
Душанбе, 24.06.2014. (АМИТ «Ховар», Екатерина Пасторова). – 27 июн дар толори киноконсертии «МИР» — и шаҳри Маскав ба ифтихори иди давлатӣ – Рӯзи ваҳдат ва истиқрори миллии Тоҷикистон консерти идонаи «Хонаат обод бод, Тоҷикистон!» баргузор мегардад. Ин чорабинӣ бо ибтикори маркази васоити ахбори оммаи TaJinfo – и тоҷикон роҳандозӣ мешавад. Дар ин бора роҳбари маркази мазкур Ғуфрон Ваҳобов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Дар ҳошияи чорабинӣ филми мустанад дар бораи таърихи гуфтушуниди тоҷикон, раванди истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон намоиш дода, ситораҳои эстрадаи тоҷик аз қабили Ҷонибек Муродов, Ҳасан Ҳайдар, дастаи карначиёни «Садои Хуҷанд» ва гурӯҳи «Ғарибон» ҳунарнамоӣ мекунанд.
Ба чорабинӣ намояндагони расмии мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маскав, ҷамоаи тоҷикон, донишҷӯёни тоҷикистонии муқими Русия даъват шудаанд.
Консерти идона дар толори киноконсертии «МИР» баргузор мегардад, ки ин рамзовар аст. Қобили зикр аст, ки 27 июни 1997 дар шаҳри Маскав «Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳу ризоияти миллии Тоҷикистон» имзо шуда буд, ки Федератсияи Русия ҳам аз ҷумлаи «Дӯстони Тоҷикистон» кафолати онро ба ӯҳда дошта буд», — қайд намуд Ғуфрон Ваҳобов.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






