«Тоҷикстандарт»: Бозори истеъмолӣ зери ҳимоя аст

Июнь 5, 2014 14:39

Душанбе, 05.06.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Ҳангоми гузаронидани корҳои сертификаткунонӣ аз ҷониби мутахассисони Агентии «Тоҷикстандарт» дар ҳамкорӣ бо Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди гузаронидани ташхис маълум гардид, ки миқдори 23 200 кг маҳсулоти қимаи гўшти мурғ, ки аз ҷониби соҳибкор Нарзиев Ш. аз ҷумҳурии Туркия ворид шуда буд, ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҷавобгў нест ва бо иштироки комиссияи дахлдор миқдори маҳсулоти номбурда дар партовгоҳ нобуд шуд. Аз маркази матбуоти Агентии «Тоҷикстандарт» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар самти ҳамкорӣ бо Прокуратураи ш.Душанбе низ дар нуқтаҳои фурўши бозори «Фаровон» ва Маркази савдои “Садбарг” миқдори зиёди қандчаҳо (180 кг)-и истеҳсоли Ҷумҳурии Чин, ки дар натиҷаи ташхис ғайристандартӣ ҳисобида шудаанд, ошкор ва аз муомилот гирифта шуданд. Дар айни замон тибқи талаботи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ нисбат ба фурўшандагон ва нобудсозии маҳсулоти номбурда тадбирҳо андешида мешаванд.
    Дар асоси дархости Агентии хоҷагии ҷангал дар натиҷаи ташхис маълум гардид, ки 20 623 кг зардолуи хушки хоҷагии мазкур ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҷавобгў нест ва аз ин миқдори маҳсулот 18 400 кг нобуд карда шуда, боқимондаи маҳсулот сарчин гардида, барои коркарди дубора равона шуд.
     Ҳамзамон дар раванди амалиёти муштарак бо намояндагони  Раёсати тафтишотии ВКД дар шаҳри  Душанбе  намунаи 56 040 дона зарфи шишагии дорои оби ҷав бо тамғаи “Балтика- 3”, ки ба соҳибкор Шарифов М. тааллуқ дошт, барои ташхис пешниҳод шуда, дар натиҷаи маълум гардид, ки муҳлати истеъмолии ин маҳсулот гузаштааст. 
 

Июнь 5, 2014 14:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст