Тренинг барои кормандони студияҳои телевизионӣ
Душанбе, 04.06.2014. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода). — Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» бо дастгирии Институти «Ҷамъияти кушода» — Бунёди мадад дар Тоҷикистон гузаронидани тренингҳои омӯзиширо дар доираи лоиҳаи «Маркази рушди маълумоти журналистӣ» идома медиҳад. Ҳадафи асосии ин лоиҳа бартараф намудани мушкилоти норасоии кадрҳо дар соҳаи ВАО-и ватанӣ мебошад.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Ташкилоти ҷамъиятии «Хома» иттилоъ доданд, тренинги навбатӣ аз 2 то 6 июни соли равон идома ёфта, он ба такмили дониши гурӯҳи мутахассисони технологияҳои истеҳсоли телевизионӣ, яъне коргардонҳо, муҳаррирон, наворбардорони студия, коргардонҳои садо, равшанидиҳандагон ва танзимгарон равона шудааст. Ин давраи омӯзишӣ дар базаи Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» давом дорад.
Қисмати бештари тренинг аз дарсҳои амалӣ иборат буда, дар доираи он иштирокчиён жанрҳои барномаҳои студиявии телевизионӣ, сохтани сенария, драматургияи барнома, композитсия ва танзими барномаҳоро меомӯзанд. Инчунин бо сабти барномаҳо аз тариқи чор камера ва аҳамияти интихоби дурусти ранг, мусиқӣ ва равшанӣ шинос мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки мавзӯи тренинг «Банақшагирӣ ва истеҳсоли барномаи студиявии телевизионӣ» буда, ба он зиёда аз 30 нафар корманди студияҳои телевизионӣ аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ҷалб гардидааст.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






