Ваҳдат-омили пешравии маориф
Душанбе,12.06.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Бахшида ба 17 – умин солгарди Ваҳдати миллӣ имрӯз дар Осорхонаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.Тавре ходими калони илми осорхонаи мазкур Сурайё Ҳомидова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар мизи мудаввар олимони Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, ходимони илмии Пажуҳишгоҳи рушди маориф, мутахассисони соҳаҳои гуногун аз Маркази таҳсилоти иловагии назди Вазорати маориф ва илм иштирок намуданд. Маърӯзаҳои ходимони калони илми осорхона Қурбоналӣ Гадоев дар мавзӯи «Ваҳдат-омили пешравии маориф» ва Сураё Ҳомидова дар мавзӯи «Сулҳу ваҳдат- пойдевори ҳастии миллат» шунида шуд. Дар ҷамъомад зикр гардид, ки таҳкими ваҳдат ва ягонагии мардум дар ҳама давру замон рушди давлатдорӣ, инкишофи илму маърифат ва расидан ба ҳадафҳои олии миллиро дар ҷомеа таъмин месозад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






