Ваҳдати миллӣ — омили ояндасози Тоҷикистон

Июнь 7, 2014 11:24

Душанбе, 7.06.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Дирӯз дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави дастуру супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни  мулоқот бо зиёиёни мамлакат дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ — омили ояндасози Тоҷикистон» мизи мудаввар доир шуд, ки дар он кормандони дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои вазорат иштирок намуданд. 
Дар оғози чорабинӣ муовини вазири кишоварзӣ Сиҷоуддин Исроилов доир ба нақш ва мақоми Ваҳдати миллӣ сухан гуфт. Сипас, мудири кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Хайриддин Идиев ва профессори кафедраи механикаи донишгоҳи мазкур  Эркин Кароматуллоев оид ба муҳтавою таърихи таҳия ва қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҳикистон, баимзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ва 600-солагии бузургдошти Абдураҳмони Ҷомӣ маърӯзаҳо карданд.
 

Июнь 7, 2014 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст