Ваҳдати миллӣ — омили ояндасози Тоҷикистон
Душанбе, 7.06.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Дирӯз дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави дастуру супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо зиёиёни мамлакат дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ — омили ояндасози Тоҷикистон» мизи мудаввар доир шуд, ки дар он кормандони дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои вазорат иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинӣ муовини вазири кишоварзӣ Сиҷоуддин Исроилов доир ба нақш ва мақоми Ваҳдати миллӣ сухан гуфт. Сипас, мудири кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Хайриддин Идиев ва профессори кафедраи механикаи донишгоҳи мазкур Эркин Кароматуллоев оид ба муҳтавою таърихи таҳия ва қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҳикистон, баимзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ва 600-солагии бузургдошти Абдураҳмони Ҷомӣ маърӯзаҳо карданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






