Ваҳдати миллӣ-заминаи ташаккули падидаҳои демократӣ

Июнь 10, 2014 17:55

Душанбе, 10.06. 2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Имрӯз дар   шаҳри  Душанбе  ба  ифтихори Рӯзи  Ваҳдати  миллӣ  мизи  мудаввар  дар  мавзӯи  «Мақоми  Ваҳдати  миллӣ  дар  ташаккули давлатдории  навин»  баргузор  гардид.
Дар  кори  мизи  мудаввар  намояндагони  сохторҳои  мухталифи  ҳокимияти  давлатӣ  иштирок  намуданд.
Дар оғоз раиси Суди конститутсионӣ Маҳкам Маҳмудзода зикр намуд, ки Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар таърихи миллати кӯҳанбунёди мо ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ ва воқеаи  нодиру фараҳбахши  ба ҳисоб меравад ва ин ҳуҷҷат баҳри нигоҳдории сулҳу суботи комил дар кишварамон заминаи ҳуқуқӣ гузошт ва дар як вақт барои мустаҳкам намудани андешаҳои солими давлатдории миллӣ дар афкори ҷомеа нақши босазо бозид.
Ҳамчунин дар кори мизи мудаввар судяи Суди иқтисодии Иттиҳоди АвруОсиё дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ заминаи ташаккули падидаҳои демократӣ», Карим Каримов, котиби Суди конститутсионии Тоҷикистон дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ ва рушди давлатдории навин» ва дигарон маърӯза намуданд.
 
 
 

Июнь 10, 2014 17:55

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад