Ваҳдати миллӣ-заминаи ташаккули падидаҳои демократӣ
Душанбе, 10.06. 2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Имрӯз дар шаҳри Душанбе ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Мақоми Ваҳдати миллӣ дар ташаккули давлатдории навин» баргузор гардид.
Дар кори мизи мудаввар намояндагони сохторҳои мухталифи ҳокимияти давлатӣ иштирок намуданд.
Дар оғоз раиси Суди конститутсионӣ Маҳкам Маҳмудзода зикр намуд, ки Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар таърихи миллати кӯҳанбунёди мо ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ ва воқеаи нодиру фараҳбахши ба ҳисоб меравад ва ин ҳуҷҷат баҳри нигоҳдории сулҳу суботи комил дар кишварамон заминаи ҳуқуқӣ гузошт ва дар як вақт барои мустаҳкам намудани андешаҳои солими давлатдории миллӣ дар афкори ҷомеа нақши босазо бозид.
Ҳамчунин дар кори мизи мудаввар судяи Суди иқтисодии Иттиҳоди АвруОсиё дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ заминаи ташаккули падидаҳои демократӣ», Карим Каримов, котиби Суди конститутсионии Тоҷикистон дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ ва рушди давлатдории навин» ва дигарон маърӯза намуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






