Вахдати миллӣ-бузургтарин дастовард

Июнь 20, 2014 11:54

Душанбе, 20.06.2014.(АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Саҳми сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ дар таъмини рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон» конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
 Дар конфронси мазкур намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ, коршиносон, намояндагони мактабҳои олии кишвар ва хабарнигорони ВАО иштирок намуданд.
Муовини сардори Хадамоти гумрук генерал-майори хадамоти гумрук Нуриддин Маҳмадов дар мавзӯи самтҳои фаъолияти мақомоти гумрук дар даврони Ваҳдати миллӣ сухан гуфта, аз ҷумла изҳор дошт, ки бузургтарин  дороӣ ва дастоварди миллати тоҷик дар даҳсолаи охири асри 20 сулҳ ва ризояти миллӣ ва Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ваҳдати  миллӣ сарчашмаи  бахту саодат, якдигарфаҳмӣ, омили муҳими першафт ва инкишофи давлату давлатдории миллӣ, рушду инкишофи  тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар мебошад. 
Зикр шуд, ки ҳамаи дастовардҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар мамлакатамон тайи 17- соли Ваҳдати миллӣ ба даст омадааст.
 
 

Июнь 20, 2014 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд