Вохӯрии Р. Амирзода бо соҳибкорони тоҷик дар Санкт — Петербург

Июнь 5, 2014 14:54

Душанбе, 5.06.2014.(АМИТ «Ховар» , Лайло Тоирӣ). — Зимни  вохӯрӣ  бо соҳибкорони тоҷик, ки дар оғози ҳафтаи ҷорӣ дар шаҳри Санкт — Петербург баргузор гардид, раиси шаҳри Ваҳдат Раҳмоналӣ Амирзода ҳамватанонро даъват намуд, то  фаъолона дар лоиҳаҳои сармоягузории шаҳри Ваҳдат  иштирок намоянд. 
 Тавре аз Намояндагии Хадамоти муҳоҷират дар Руссия иттилоъ доданд, Раҳмоналӣ Амирзода ҳамчунин бо фаъолони ҷамъиятҳои тоҷикон ва донишҷӯён  мулоқот намуд. Роҳбари шаҳри Ваҳдат бо самтҳои асосии фаъолияти созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон, ҷараёни омӯзиши донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои олии шаҳри Санкт — Петербург  шинос гардида, ба суолҳои сершумори ҳамватанонамон посух дод.
Қайд кардан зарур аст, ки яке аз мақсадҳои асосии ин сафар шиносоӣ бо шароити истиқомат ва фаъолияти меҳнатии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, махсусан сокинони шаҳри Ваҳдат буд. Дар робита ба ин,  Раҳмоналӣ Амирзода ба маҳалли истиқоматӣ ва корҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла ба объекҳои сохтмонӣ, бозорҳо ва ташкилотҳои нақлиётӣ  ташриф овард.
 

Июнь 5, 2014 14:54

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад