Вохӯрии Р. Амирзода бо соҳибкорони тоҷик дар Санкт — Петербург
Душанбе, 5.06.2014.(АМИТ «Ховар» , Лайло Тоирӣ). — Зимни вохӯрӣ бо соҳибкорони тоҷик, ки дар оғози ҳафтаи ҷорӣ дар шаҳри Санкт — Петербург баргузор гардид, раиси шаҳри Ваҳдат Раҳмоналӣ Амирзода ҳамватанонро даъват намуд, то фаъолона дар лоиҳаҳои сармоягузории шаҳри Ваҳдат иштирок намоянд.
Тавре аз Намояндагии Хадамоти муҳоҷират дар Руссия иттилоъ доданд, Раҳмоналӣ Амирзода ҳамчунин бо фаъолони ҷамъиятҳои тоҷикон ва донишҷӯён мулоқот намуд. Роҳбари шаҳри Ваҳдат бо самтҳои асосии фаъолияти созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон, ҷараёни омӯзиши донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои олии шаҳри Санкт — Петербург шинос гардида, ба суолҳои сершумори ҳамватанонамон посух дод.
Қайд кардан зарур аст, ки яке аз мақсадҳои асосии ин сафар шиносоӣ бо шароити истиқомат ва фаъолияти меҳнатии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, махсусан сокинони шаҳри Ваҳдат буд. Дар робита ба ин, Раҳмоналӣ Амирзода ба маҳалли истиқоматӣ ва корҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла ба объекҳои сохтмонӣ, бозорҳо ва ташкилотҳои нақлиётӣ ташриф овард.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






