Восеъ: пешгирии ҳолатҳои сӯхтор

Июнь 26, 2014 11:33

Восеъ, 26.06.2014. (АМИТ «Ховар»,  Сулаймон Холов).-Масъулини  ӄисми  мустаӄили 41-уми  ҳарбикунонидашудаи  Хадамоти давлатии оташнишонии  ноҳияи Восеъ  баҳри беҳбудии  ҳолати бехатарии  зиддисӯхтории  иншоотҳои хоҷагии халқ, манзилҳои истиқоматӣ, ҳифзи ҳаёти шаҳрвандон  ва молу мулки давлатию ҷамъиятӣ  дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ корҳои назаррасро ба анҷом расониданд. Ба қавли  сардори  хадамоти мазкур Ҳоким Назаров  дар ин давом  дар ноҳия 10 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шуд, ки зарари он  20 ҳазору 300 сомониро    ташкил медиҳад.  Инчунин  кормандони қисм  ҳолати бехатарии зиддисӯхтории  633 иншоотро  мукаммал ва 380  иншоотро такрорӣ санҷида,  фаъолияти 201 нуқтаи барқӣ  ва 144 печро муваққатан манъ  намуданд. Зимни 32 рейди муштарак  дар ноҳия ҳолати бехатарии зиддисӯхтории бозору марказҳои савдои ноҳия, нуқтаҳои истифодаи  сӯзишворӣ, муассисаҳои таълимӣ  ва хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон  санҷида шуд. 

Июнь 26, 2014 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад