Зуҳуров ба Матвиенко: «Аз ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик дифоъ кунед»
Душанбе, 18.06.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Валентина Матвиенко -раиси Шӯрои Федератсияи Русия хоҳиш намудааст, ки ҷиҳати таъмини ҳифзи иҷтимоӣ, расонидани хадамоти тиббӣ ва таъмини нафақаи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия аҳамияти махсус зоҳир намояд». Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон таъкид кардааст, ки лоиҳаи чунин мувофиқатномаҳо дер боз дар дастури кор қарор дорад. «Боварӣ дорам, ки мо ба онҳо пуштибонии парлумонии хешро расонида метавонем», афзудааст Ш. Зуҳуров. Дар ин росто Валентина Матвиенко -раиси Шӯрои Федератсияи Русия иброз доштааст, ки: «Мо тарафдори барҳам додани квотаҳо барои қабули муҳоҷирон ба кор ҳастем ва ташкили омӯзиши таҳсили ҷавонони Тоҷикистон дар омӯзишгоҳҳои касбию техникии Русияро дастгирӣ менамоем». Ҳамзамон В. Матвиенко таъкид кардааст, ки муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистони аз табобати ройгон ва ба таҳсил фаро гирифтани фарзандонашон дар макотиби Русия бархурдоранд. Дар доираи ҳамкориҳои минтақавӣ чунин корҳои некро ҷоннок намудан лозим аст,- афзудаааст В. Матвиенко. -«Ман ҳамчун раиси Шӯрои Федератсияи Русия ҳамеша ҷониби Тоҷикистонро дастгирӣ менамоям. Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия ҳамаи он пешниҳодҳоеро, ки Шумо ироа доштед, мепазирад ва барои амалӣ шудани онҳо дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи Русия тадбирҳои мушаххас меандешад»,-гуфтааст дар фарҷоми мулоқот бо Ш. Зуҳуров В. Матвиенко.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






