Зуҳуров бо унвони «профессори фахрӣ» қадр гардид
Душанбе, 19.06.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо унвони «Профессори фахрии Донишгоҳи давлатии заминсозии шаҳри Маскав» ва медали ҷашнии «Таърихи Донишгоҳи давлатии заминсозӣ» қадрдонӣ шуд. Ин ҷоизаҳоро дар маросими ботантана ба раиси палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ректори донишгоҳи мазкур Сергей Волков супорид.
Бояд тазаккур дод, ки Шукурҷон Зуҳуров -раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни сафари расмӣ ба Русия аз донишгоҳи мазкур боздид намуда, бо ҳайати устодону донишҷӯёни ин муассисаи олии илмии Русия мулоқот анҷом дод. Ш. Зуҳуров доир ба вазъи кунунии ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии Тоҷикистон ва дастовардҳои кишварамон дар тӯли солҳои истиқлолияти давлатӣ, ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Русия дар соҳаҳои мухталиф гузориш дод.
Мавриди зикр аст, ки Шукурҷон Зуҳуров дастпарвари Донишгоҳи давлатии заминсозии Маскав буда, онро 38 сол муқаддам, соли 1976 бо ихтисоси «муҳандис -заминсоз» хатм намудааст. Ш. Зуҳуров дар ҳоле аз ин донишгоҳ боздид намуд, ки аз таъсиси ин муассисаи илмӣ 235 сол сипарӣ гардид.








Занони тоҷик бо ҳунари порадӯзӣ хона ва ҷиҳози арӯсонро оро медиҳанд
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






