Қабули довталабон дар Восеъ

Июль 21, 2014 10:01

Восеъ, 21.07.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Дар н.Восеъ қабули довталабон аз ҷониби Литсейи касбии техникӣ барои солҳои 2014-2015 оғоз гардида, довталабонро ба касбҳои гуногун ҷалб менамояд.Бино ба иттилои иҷрокунандаи вазифаи Директор Шариф Давлатов тибқи нақша ба Литсей 190 нафар довталаб аз рӯи имтиҳонҳои фанҳои гуногун қабул карда мешаванд, ки аз ин шумора 50 нафарашон духтарон мебошад.Ба гуфтаи манбаъ дар литсей касбҳои тракторист-мошинистӣ, истеҳсоли кишоварзӣ, кафшергари газию барқӣ, ронандаи автомашинаи дараҷаи силсилаи «С», дӯзандагӣ, ресандагӣ , занбӯри асалпарварӣ, системаи компютерӣ ва дигар касбҳо муҳлати аз як то се сол омӯзонида мешаванд.Айни ҳол довталабон аз ноҳияҳои Мӯъминобод, Шӯрообод, Ховалинг, Балҷувон, Ҳамадонӣ, Фархор ташриф оварда, ҳуҷҷатгузорӣ намуданд.Инчунин довталабон дар ҳолати гузаштан аз имтиҳон бо се вақт хӯрок ва ҷойи хоб таъмин карда мешаванд.Лозим ба ёдоварист, ки имсол 240 нафар литсейи касбӣ техникиро хатм намуда, соҳиби димпломи тахассусӣ гардиданд.

Июль 21, 2014 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад