Қочоқбарон чӣ мақсад доштанд?
Душанбе, 14.07.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ҳафтаи гузашта ҳангоми амалӣ намудани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе, сокини 44-солаи ноҳияи Қумсангирро дастгир намуданд. Ҳангоми боздошт аз ӯ халтаи селофанӣ ёфт гардид, ки дар дохилаш афюн бо вазни 2 кг мавҷуд буд.Дар натиҷаи чораҳои андешидашуда боз як ҳаммаслаки боздоштшуда сокини 39-солаи ноҳияи Панҷ дастгир гардид.Боздоштшудагон маводи нашъаоварро аз шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо мақсади интиқол додан аз қаламрави Тоҷикистон харидорӣ намуданд.Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид






