Ҳавои саудӣ вазида, ду рӯзи оянда ҳарорат баланд мегардад
Душанбе, 21.07.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Ҳавошиносони кишвар иттилоъ медиҳанд, ки рӯзҳои 22 ва 23 июли соли равон бо вазидани ҳавои гарм аз биёбонҳои Арабистони Саудӣ ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон баланд гардида, дар минтақаҳои ҷанубии кишвар рӯзона то 47 дараҷа гарм мешавад. Парвина Саидҷамолова -мудири шӯъбаи пешгӯии боду ҳавои Муассисаи давлатии обуҳавошиносии кишвар дар сӯҳбат ба хабарнигори «Ховар» гуфт, дар ин рӯзҳо ҳарорати ҳаво дар вилояти Хатлон шабона 22-23 рӯзона 45-47, дар вилояти Суғд шабона 21-23 рӯзона 42-43 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои тобеи марказ шабона 19-21 рӯзона 40-42, дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шабона 19-21 рӯзона 35-37 ва дар Душанбе ҳарорат шабона 19-21 ва рӯзона ба 40-42 дараҷа мерасад. Аз ин рӯ, сокинони кишварро зарур аст, ки ба хотири ҳифзи саломатии худ дар ин рӯзҳои гарм бидуни зарурат дар ҳавои офтобӣ гаштугузор нанамоянд. Ҳамзамон ронандагони нақлиёт ва мошинҳои бузурги боркашро зарур аст, ки дар чунин рӯзҳои гарм аз рондани нақлиёт дар роҳҳо, ки боиси хароб гардидани шоҳроҳҳо хоҳад гашт, худдорӣ намоянд. Ҳавошиносон ҳамзамон итилоъ медиҳанд, ки бо баланд гардидани ҳарорати ҳаво дар рӯзҳои 22-23 июл обшавии пиряхҳо пешгӯи карда шуда, сатҳи оби дарёҳои кишвар баланд хоҳад шуд. Инчунин, фаромадани сел дар минтақаҳои кӯҳии ҷумҳурӣ пешгӯи карда мешавад. Чунин ҳавои гарм дар рӯзҳои 22 ва 23 июл дар ҳоле аз сӯи ҳавошиносон пешгӯи карда мешавад, ки як ҳафта инҷониб дар ҷумҳурӣ ҳавои нисбатан салқин дар қиёс ба рӯзҳои аввали моҳи июл мушоҳида карда мешавад. Мутахассиси идораи обуҳавошиносии кишвар ҳамзамон иттилоъ дод, ки рӯзҳои 24-25 июл ҳарорати ҳаво дар ҷумҳурӣ паст фаромада, дар ноҳияҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе шамоли сахт вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Имрӯз ҳарорати ҳаво дар пойтахти кишвар — шаҳри Душанеб 37-38 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст
Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст






