Ҳодисаҳои садамавӣ пешгирӣ мешаванд

Июль 9, 2014 10:18

Душанбе, 9.07.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа дар шаҳри Душанбе машқгоҳи мошинронии автоматии ҷавобгӯ ба талаботи муосири машқҳои амалии ронандагӣ бунёд мешавад. Айни ҳол дар ин иншоот таъмиру азнавсозӣ идома доранд. Машқгоҳ бо таҷҳизоти зарурии техникӣ ва асбобҳои таълимӣ ҷиҳати омӯзондан ва сайқал додани малакаи ронандагӣ ва омодасозии соҳибкасбони ин соҳа муҷаҳҳаз хоҳад гашт.Ташкили дарсҳои амалӣ дар машқгоҳи мошинронӣ имкон медиҳад, ки маҳорати ронандагони оянда дар идораи воситаҳои нақлиёт такмил ёфта, беэътиноӣ ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҳодисаҳои садамавӣ ва нохуши нақлиётӣ пешгирӣ шаванд.

Июль 9, 2014 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд