ҳолланд дар ҷоми ҷаҳонии футбол дастаи Бразилро шикаст дод
Душанбе, 13.07.2014. (АМИТ «Ховар», Меҳрони Қурбон).- Шаби 12-уми июл дастаи Бразил дар сабқат барои касби ҷои саввуми Ҷоми ҷаҳонӣ-футбол соли 2014, аз дастаи Ҳолланд бо ҳисоби 3.0 шикаст хурд.Хотиррасон менамоем, ки ҳамин тавр дастаи Бразил, ки ҳамагӣ чанд рӯз қабл бо ҳисоби бузӯрги 1:7 аз дастаи Олмон шикаст хӯрда буд, дар рӯзҳои ахири ин сабқат низ боз дучори як шикасти сахту нангин шуд, ва бо сарафкандагӣ аз сабқат берун рафтанд. Бозигарони дастаи Ҳолланд тавонистанд дар 90 дақиқаи бозӣ се бор дарвозаи дастаи Бразилро рахна кунанд.Бояд зикр кард, ки сармураббии дастаи Бразил Сколарӣ баъд аз бозӣ дар нишасти хабарӣ гуфт, истеъфояшро ба раиси Федератсияи футболи Бразил пешниҳод намудааст. Вай гуфтааст,ки танҳо раиси федератсия аст,ва метавонад вазъиятро мавриди баррасӣ қарор диҳад, ва дар бораи мондан ё рафтани ӯ аз дастаи Бразил тасмим бигирад.Ёдовар мешавем, ки Луис Филипп Сколари дар Ҷоми ҷаҳонӣ-футбол соли 2002-дастаи Бразилро ба тахти қаҳрамонӣ нишонд. Дар Ҷоми ҷаҳонӣ-2006 ба ҳамроҳии дастаи Португалия мақоми чаҳорумро касб кард, ва дар Ҷоми ҷаҳонӣ -2014 низ бо ҳамроҳии Бразил ба зинаи чаҳорум мушарраф гашт. Ногуфта намонад, ки сармураббии дастаи Бразил гуфт, дар се Ҷоми ҷаҳонӣ, ки сармураббӣ ин даста буд, ҳадди ақал ба мақоми нимниҳоӣ расид, ки натиҷаи баде нест.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






