Ҷаласаи навбатии Шӯрои илмӣ-техникӣ дар Вазорати кишоварзӣ
Душанбе, 23.07.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Дар Вазорати кишоварзии ҷумӯҳрӣ бо иштироки муовинони Вазири кишоварзӣ, сардорони раёсатҳо ва шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат ва олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, ҷаласаи навбатии Шӯрои илмӣ — техникии вазорат баргузор гардид. Масъалаҳои зерин; Оид ба баррасии лоиҳаҳои Барномаҳои «Барқарорсозӣ ва бунёд намудани яхдону сардхонаҳо барои нигоҳдории меваю сабзавот дар фасли зимистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2018», «Муборизаи интегратсионӣ бар зидди зараррасонҳо ва касалиҳои зироатҳои кишоварзӣ ва боғу токзор барои солҳои 2015-2019» ва «Рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2019» мавриди баррасии иштирокчиёни ҷаласа гардид.Ҳадаф аз қабули Барномаи бунёди сардхонаҳои нави замонавӣ ба хотири захира ва нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, баҳри баланд бардоштани самаранокии истифодабарии захираҳо, оқилона ҷойгир сохтани истеҳсолоти кишоварзӣ, беҳтар намудани аҳолӣ бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ махсусан меваю сабзавот, таъмин намудани саноати коркард, муътадил гардонидани бозорҳо бо маҳсулоти кишоварзӣ дар шароити тирамоҳу зимистон арзёби гардид. Инчунин қайд карда шуд, ҳалли қабули барномаи мазкурба яке аз ҳадафҳои пешгирифтаи муҳими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини амнияти озуқавории кишвар такони ҷиддӣ бахшида метавонад Ҳамзамон, дар оянда қабул гардидани барномаи «Муборизаи интегратсионӣ бар зидди зараррасонҳо ва касалиҳои зироатҳои кишоварзӣ ва боғу токзор барои солҳои 2015-2019» ба бкҳтар намудани ҳолати фитосанитарии зироатҳои кишоварзӣ ва боғу токзорҳо аз ҳашаротҳои зараррасон ва касалиҳо ва мукаммал намудани стратегияи ҳифзи онҳо, ба рушди соҳа мусоидат менамояд. Инчунин Самтҳои асосии лоиҳаи барномаи «Рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2019», ин мустаҳакам намудани пойгоҳи моддию техникии барномаҳои селексионӣ мебошад. Дар раванди ҷаласаи шӯрои илмӣ-техникӣ аз тарафи олимону мутахассисони соҳа баҳри боз ҳам мукаммалтар намудани бандҳои барномаҳо дастуру пешниҳодҳои мушахасс ба миён омад. Мақсади аслии баррасии масъалаҳои мазкур, беҳбуд бахшидан ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва дар ин замина таъмини амнияти озуқавории кишвар арзёбӣ гардид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






