Ҷаласаи ниҳоии Кумитаи тадорукоти Чемпионати ҷаҳон
Душанбе, 26.07.2014 (АМИТ «Ховар»). 25 июн ҷаласаи ниҳоии ҳайати Кумитаи тадорукоти ташкил ва баргузории Чемпионати ҷаҳон байни наврасон оид ба таэквандо (ITF) баргузор гардид. Ҷаласаи мазкурро, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ, ки раисии Кумитаро бар уҳда дорад, ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо рӯзномаи маҷлис ошно намуд. Муовини Сарвазир дар бораи муҳимият ва афзалити Чемпионати мазкур зикр намуда, аз ҷумла қайд кард: «Чунин чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ бори нахуст дар Тоҷикистон доир шуда, яке аз рӯйдодҳои муҳими кишварамон ба шумор меравад. Дар он зиёда аз 600 нафар варзишкорону мураббиён ва меҳмонон аз 52 кишвари ҷаҳон ширкат хоҳанд кард ва бояд он дар сатҳе баргузор гардад, ки ҳар яки меҳмонон бо таассуроти амиқе аз кишвари мо баргарданд». Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода аз ҷараёни омодагӣ ба Чемпионати мазкур гузориш дода, қайд намуд, ки гурӯҳи кории вобаста ба ин чорабинии муҳим то ба имрӯз зиёда аз 15 ҷаласа гузаронида, дар онҳо бандҳои нақшаи чорабиниҳоро мавриди баррасӣ қарор додаанд. Айни замон барои дар сатҳи баланд баргузор намудани Чампионати мазкур тамоми воситаҳои зарурӣ муҳайё карда шудааст.Сипас, ҳар кадом аз масъулини вазорату идораҳо ва мақомотҳои дахлдор оид ба рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои ташкил ва баргузор намудани Чемпионати ҷаҳон байни наврасон оид ба таэквандо аз рӯи бандҳои марбута гузориш доданд. Дар фарҷоми ҷаласа М.Ҷабборӣ ҳайати Кумитаи тадорукотро оид ба таъмин намудани иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳо ва ташкили сатҳи баланди баргузории он таъкид намуда, ёдовар шуд, ки ин чорабинии муҳим таҳти назорати қатъии ташаббускори асосии он Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.Бояд қайд намуд, ки баргузории Чемпионати ҷаҳон байни наврасон оид ба таэквондо (ITF), аз 7 то 11-уми августи соли 2014 дар шаҳри Душанбе пешбинӣ шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






