Ҷаласаи Шӯрои ВКХ-и давлатҳои аъзои СҲШ

Июль 24, 2014 09:42

Душанбе, 24.07.2014.(АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Рӯзҳои 30 ва 31 июли соли 2014 дар шаҳри Душанбе 14-умин ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор мегардад. Дар доираи баргузории ин ҷаласа  мулоқоти хоса ва васеи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои СҲШ дар назар аст. Аз рӯи натиҷаи ин гуфтушунидҳо интизор меравад чанд санади ҳамкорӣ имзо шуда, изҳороти муштараки матбуотӣ бо намояндагони ВАО доир гардад.Ёдовар мешавем, ки СҲШ, ки то 15-уми июни соли 2001-ум бо номи «Панҷгонаи Шанхай» ёд мешуд, ҳамчун ташкилоти бонуфузи минтақавӣ дар заминаи таҳкими эътимоду боварӣ ва коҳиши нерӯҳои низомӣ дар манотиқи сарҳадии Ҷумхурии Мардумии Чин, Федератсияи Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон арзи ҳастӣ кард. Дар ин муддат мақоми иҷроияи СҲШ таъсис ёфта, робитаҳои он бо созмону ташкилотҳои мӯътабари минтақавию ҷаҳонӣ, аз ҷумла, СММ, Иттиҳоди Аврупо, ИДМ ва ғайра самараҳои нек овард ва давлатҳои гуногуни минтақа ба монанди Ҳиндустон, Эрон, Покистон, Афғонистон ва Муғулистон ба ҳайси нозир пазируфта шуданд.Пешомадҳои СҲШ нихоят васеанд. Ҳамаи давлатҳои аъзо аз ҷихати ҷуғрофӣ ба ҳам наздиканд ва онҳоро умумияти таърих, фарҳанги ягона, анъаноту алоқаҳои дӯстона мепайванданд. Давлатҳои узви СҲШ манфиатдор ба ҳифзи субот ва амният чӣ дар дохили кишварҳои хеш ва чӣ берун аз марзҳои худ ҳастанд. Бинобар ин онҳо дар иҷрои вазоифи гуногун, аз қабили пешбурди ҳалли масоили иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳамкориҳои муштарак алайҳи таҳдидҳо дар мавчудияти онхо манфиатдоранд. Бояд таъкид намуд, ки ҳамаи аъзоёни созмон ҷонибдори тақвият ва густариши аносири иқтисодии ин созмон мебошанд ва хуб мефаҳманд, ки танҳо кӯшишҳои якҷоя метавонад ин созмонро ба созмони байналхалқии пешбари ҷаҳонӣ табдил диҳанд.Бояд зикр намуд, ки ҷаласаи навбатии роҳбарони давлатҳои аъзои СХШ моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Июль 24, 2014 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд