Ҷаласаи Шӯрои ВКХ-и давлатҳои аъзои СҲШ
Душанбе, 24.07.2014.(АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Рӯзҳои 30 ва 31 июли соли 2014 дар шаҳри Душанбе 14-умин ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор мегардад. Дар доираи баргузории ин ҷаласа мулоқоти хоса ва васеи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои СҲШ дар назар аст. Аз рӯи натиҷаи ин гуфтушунидҳо интизор меравад чанд санади ҳамкорӣ имзо шуда, изҳороти муштараки матбуотӣ бо намояндагони ВАО доир гардад.Ёдовар мешавем, ки СҲШ, ки то 15-уми июни соли 2001-ум бо номи «Панҷгонаи Шанхай» ёд мешуд, ҳамчун ташкилоти бонуфузи минтақавӣ дар заминаи таҳкими эътимоду боварӣ ва коҳиши нерӯҳои низомӣ дар манотиқи сарҳадии Ҷумхурии Мардумии Чин, Федератсияи Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон арзи ҳастӣ кард. Дар ин муддат мақоми иҷроияи СҲШ таъсис ёфта, робитаҳои он бо созмону ташкилотҳои мӯътабари минтақавию ҷаҳонӣ, аз ҷумла, СММ, Иттиҳоди Аврупо, ИДМ ва ғайра самараҳои нек овард ва давлатҳои гуногуни минтақа ба монанди Ҳиндустон, Эрон, Покистон, Афғонистон ва Муғулистон ба ҳайси нозир пазируфта шуданд.Пешомадҳои СҲШ нихоят васеанд. Ҳамаи давлатҳои аъзо аз ҷихати ҷуғрофӣ ба ҳам наздиканд ва онҳоро умумияти таърих, фарҳанги ягона, анъаноту алоқаҳои дӯстона мепайванданд. Давлатҳои узви СҲШ манфиатдор ба ҳифзи субот ва амният чӣ дар дохили кишварҳои хеш ва чӣ берун аз марзҳои худ ҳастанд. Бинобар ин онҳо дар иҷрои вазоифи гуногун, аз қабили пешбурди ҳалли масоили иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳамкориҳои муштарак алайҳи таҳдидҳо дар мавчудияти онхо манфиатдоранд. Бояд таъкид намуд, ки ҳамаи аъзоёни созмон ҷонибдори тақвият ва густариши аносири иқтисодии ин созмон мебошанд ва хуб мефаҳманд, ки танҳо кӯшишҳои якҷоя метавонад ин созмонро ба созмони байналхалқии пешбари ҷаҳонӣ табдил диҳанд.Бояд зикр намуд, ки ҷаласаи навбатии роҳбарони давлатҳои аъзои СХШ моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






