Ҷалби 200 нафар мактаббачагони ВМКБ ба лагерҳои Варзобу Шаҳринав

Июль 9, 2014 10:27

Душанбе, 09.07.2014. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади болидахотирӣ ва ҳавасмандгардонии наврасону ҷавонон дар айёми таътили тобистона барои беш аз 200 нафар мактаббачагони ВМКБ лагерҳои таълимию фароғатӣ ташкил кардааст. Тавре дар ин бора аз Кумитаи мазкур хабар доданд, мактаббачагони ВМКБ ба ноҳияҳои Варзоб ва Шаҳринав оварда шуда, дар лагерҳои фароғатии “Чайка”, “Обшорон”, “Орбита” ва “Қаратоғ” ба фароғат ҷалб карда шудаанд.Гуфта мешавад, ки дар доираи лагерҳои тобистона чорабиниҳои гуногуни маърифатӣ, фароғативу фарҳангӣ бо иштироки истироҳаткунандагон ташкил гардида, мактаббачагон барои якдигар ҳунари худро нишон дода метавонанд. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар чорабиниҳои истироҳаткунандагон роҳбарияти Кумита бевосита дар лагерҳои истироҳатӣ иштирок менамоянд. Ёдрас мешавем, ки чунин иқдом аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҳамасола барои мактаббачагони шаҳру ноҳияҳои кишвар ташкил карда мешавад.

Июль 9, 2014 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад